Нақли ғуломи ДОИШ дар бораи кӯдаконро таҷовуз кардани террористон
Душанбе, 28.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Силоҳбадастони ДОИШ ҳар чи бештар ба ғоратгарӣ, одамфурӯшӣ ва истифодаи ғуломон барои шаҳвоният машғул мешаванд.
Таҳхонаи торики биёбони дурдаст, ки барои нигаҳдории ғуломон ба таври махсус ҷиҳозонида шудааст, дӯзахи ҳақиқиро ба хотир меорад. Даҳхо нафар занони курдӣ аз ин дӯзах гузаштаанд. Ва на фақат занон, зеро ҷангиёни ДОИШ барои бозиҳои шаҳвонии худ ҳатто кӯдаконро истифода мебаранд.
«Онҳо духтарони 10, 9 ва 7 соларо интихоб мекарданд. Онҳоро аз дасти модаронашон кашида мегирифтанд. Маро 15 рӯз дар таҳхона нигоҳ дошта, ба номусам таҷовуз мекарданд. Вақте ки ман гиря ва муқобилат мекардам, онҳо маро мезаданд. Баъди ин маро ба силоҳбадасти дигар фурӯхтанду ним сол ҳамеша зери хавфу хатар будам. Силоҳбадаст маро ҳамеша таҳқир мекард», — нақл намуд яке аз ғуломони озодшуда.
Курдҳо дар шимоли Сурия зидди ҷиҳодгарон меҷанганд, бинобар ин силоҳбадастон ғулом кардани занони курдиро шеваи худ қарор додаанд. Онҳоро дар бозорҳои махсус хариду фурӯш мекунанд. Нарх аз 100 доллар то як қуттӣ сигор мерасад. Худи курдҳо мегӯянд, ки дере нагузашта ҳамаи ин ба охир мерасад.
«Баъди Сурияро ишғол намудани силоҳбадастон ҳамаи мо аз кор, пул ва хонаю дар маҳрум гаштем. Он гоҳ қарор додем, ки ба майдони ҷанг равем. Онҳо занони моро асир ва таҷовуз мекунанд. Вале мо мемурему ҷасади худро ба осонӣ намедиҳем», — нақл кард сокини Сурия.
Артиш дар музофоти Латакия теппаҳои баландро ишғол намуда, қитъаи зиёди ҳамсарҳад бо Туркияро, ки силоҳбадастон аз он убур мекарданд, таҳти назорати худ гирифт. Қӯшунҳои ҳукуматӣ дар наздики Димишқ ҳатто пойгоҳи ҳавопаймоиро таҳти назорати худ гирифтанд. Гап дар бораи пойгоҳи ҳарбии ҳавопаймоии «Марҷ ал — Султон» меравад, ки дар 18 километрии пойтахти Сурия қарор дорад.
Наворе, ки дар ихтиёри РЕН ТВ қарор гирифт, дар канори шаҳри Алеппо гирифта шудааст. Ин ҷо мавқеи пуршиддаттарини ҷабҳа ба шумор рафта, артиши ҳукуматӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ба силоҳбадастони ҷиҳодгар муқобилат мекунад. Дар муҳорибаҳо ҳамеша авиатсия пешдастӣ дорад. Ин дафъа халабонҳои Сурия муваффақ шуда, сафи душманро бомбаборон намуданд.Ҷангиёни асир писарбачаҳои муқаррарие буданд, ки парчамҳои сиёҳ ва автоматҳоро партофта, таслим шуданд.
«Ба ман гуфтанд, ки барои эътиқод меҷангам, вале подоши онро надоданд, ҳатто латукӯб ҳам мекарданд, хоҳиш мекунам маро ҷавоб диҳед», — мегӯяд террористи асир.
Сарнавишти онҳо маълум нест, гарчи ҳукумати Сурия ваъда медиҳад, ки акнун силоҳбадастони дастгиршуда дар байни издиҳом маҳкум карда мешаванд. Воқеан, ҳоло ин навигарӣ дар Сурия баробари иштироки имконпазири «коммандос» — ҳои амрикоӣ дар мубориза бо ДОИШ ва хоҳиши Арабистони Саудӣ барои ташкили эътилофи худ барои мубориза бо терроризм мавриди муҳокима қарор мегирад. Дар назар аст, ки ба эътилоф беш аз 30 давлат дохил шаванд. Вале ҳанӯз маълум нест, ки ин гурӯҳ мушаххасан зидди кӣ мубориза мебурда бошад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид
«ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Таҳти ин унвон дар Лахш ҳамоиши идона доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами Тоҷикистонро ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Биогаз дар минтақаҳои деҳот: роҳи ҳал ё таҷрибаи муваққатӣ барои Тоҷикистон?
ZET-MOBILE натиҷаҳои давравии иқдоми «Миллионро гир» -ро барои моҳи октябр эълон намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд






