Настяи 20-сола чаро худкушӣ карданӣ буд?

Декабрь 8, 2015 08:23

Душанбе, 8.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Мухамедянова Настяи 20 сола  рӯзи 6 декабр бо мақсади худкушӣ худро дар мавзеи Обитобгоҳи назди тарабхонаи Боғи Ирам ба дарёи Сир партофтааст. Н.Мухамедянова истиқоматкунандаи маҳаллаи 33 шаҳри Хуҷанди вилояти  Суғд   мебошад.  Баъди гирифтани хабари фаврӣ наҷотдиҳандагони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд бо сардории Ҳотам Раҷабов ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ғаввосони ситоди шаҳри Хуҷанд хизматчӣ Тоир Юлдошев ва Денис Волинчиков бо истифода аз лавозимоти соҳавӣ зери об даромада, бо кӯшишу заҳматҳои зиёд Настяро аз об бароварданд. 
Ҳоло вазъи Настя хуб буда, таҳти назорати волидон қарор дорад. 
Бино ба иттилои сардори маркази матбуоти КҲФ МГ Ориф Нозимов сабабҳои ба худкушӣ даст задани Настяи 20 сола то ҳол маълум нестанд. 

 

Декабрь 8, 2015 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад