Назорати номгузорӣ дар бозори Сомон
Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-7-уми декабри соли равон аз ҷониби намояндагон, мақомоти прократура ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов ва дигар шахсони масъул дар бозори Сомон-и шаҳри Чкалов бо мақсади баланд бардоштани мавқеи забони давлатӣ ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов ва мақомоти прократура санҷиши назоратӣ гузаронида шуд.
Ҳадафи санҷиши мазкур ислоҳ намудани ғалат дар номгузории номи мағозаҳо ва шиору овезаҳои атрофи бозори мазкур буд.
Барои ислоҳи ғалатҳои забони тоҷикӣ, ки дар растаҳои бозори мазкур ба назар мерасиданд ва бо номҳои ғайритоҷикӣ номгузорӣ шудаанд аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини бозору соҳибони мағозаҳо барои ислоҳ доир ба рафъи камбудиҳо дастуру супоришҳо дода шуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






