Ғорати гарданбанд дар Душанбе

Декабрь 10, 2015 07:07

Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар) -9 декабри соли равон, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 20-солаи ноҳияи Шаҳринавро бо гумони  содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир намуданд 
Муайян карда шуд, ки номбурда моҳи октябри соли 2015 дар назди яке аз биноҳои истиқоматӣ аз зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи зӯроварӣ 1 гарданбанди тиллоиро, ки арзишаш 1920 сомониро ташкил медиҳад, тассаруф намуда, ғайб задааст. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Декабрь 10, 2015 07:07

Хабарҳои дигари ин бахш