Ошкор шудани ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон

Декабрь 4, 2015 05:22

Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-  3 декабр аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ якчанд  далели содир гардидани ҷиноятҳои қаллобӣ ошкор гардид.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ба мақомоти милитсия сокини 19- солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки дар давоми соли 2015 “Абдулло” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ маблағи пулӣ дар ҳаҷми 133 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ сокини 32-солаи ноҳияи Зафаробод дастгир  шуд.
Ҳамин тариқ, марди 27-солаи сокини шаҳри Хуҷанд дастгир гардид, ки номбурда, моҳи августи соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии сокинони ноҳияи Б.Ғафуров, ду марди 31-сола даромада, аз онҳо 100 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Дар шаҳри Хуҷанд муайян карда шуд, ки сокини 30-солаи шаҳри Исфара моҳи августи соли 2013 бо роҳи фиреб ба бовари сокини 42-солаи шаҳри Исфара даромада, аз ӯ 750 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Дар шаҳри Душанбе низ ба мақомоти милитсия чанд соҳибкор муроҷиат намуданд, ки «Бахтиёр» ном шахс ба боварашон даромада, ба роҳи фиреб маблағҳои онҳоро гирифта, то ҳол барнагардонидааст. Муайян карда шуд, ки ин қаллоб сокини 29-солаи ноҳияи Ҳисор буда, номбурда дар давоми соли 2015 аз соҳибкор, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз сокини 47-солаи шаҳри Душанбе ба маблағи 200 ҳазор   доллари амрикоӣ маҳсулоти сохтмонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст. Ҳамчунин гумонбаршуда бо ҳамин роҳ аз сокини 47-солаи шаҳри Душанбе 9 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Декабрь 4, 2015 05:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст