Озмуни ҷавонон дар мавзӯи ватандӯстӣ ҷамъбаст шуд
Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Озмуни ҷумҳуриявии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои навиштани беҳтарин мақола дар мавзӯи «Моҳият, сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм дар байни ҷавонон» ва иншои беҳтарин дар мавзӯи «Дастовардҳои ҷавонони даврони соҳибистиқлол» ҷамъбаст ва аз ҷониби масъулини кумита, намояндагони Вазорати маориф ва илми ҶТ, Академияи илмҳои ҶТ, Иттифоқи нависандагон ва Кумитаи телевизион ва радио ғолибон муайян шуданд.
Аъзои комиссия маводи пешниҳоднамудаи иштирокдорони озмунро мавриди таҳлил қарор дода, аз рӯи мӯҳтаво ва шартҳои озмуни пешниҳодгардида муайян карданд, ки дар онҳо мавзӯи Ватан-бузургтарин муқаддасот ифода ёфтааст, фикрҳо таъсирбахш буда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон равона гардидаанд ва ақидаҳои тоза вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткорӣ ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав инъикос гардидаанд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






