Озмуни телевизионии «Ҳунар-сарчашмаи хушбахтӣ» дар Хуҷанд
Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирӣ ва рушди ҳунари дастии адрасбофӣ ва ба ин васила бедор намудани завқи ҳунаромӯзӣ дар замири занону бонувон дар шаҳри Хуҷанд озмуни телевизионӣ таҳти унвони «Ҳунар-сарчашмаи хушбахтӣ» баргузор гардид.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд омуни мазкур дар маркази таълимӣ-истеҳсолии ба номи Зулфия Баҳриддинова баргузор гардида, дар он 8 нафар занону духтарони ҳунарманди ин марказ ширкат намуданд. Озмун аз рӯи 3 шарт — нақшаи беҳтарин, миқдори матои бофташуда ва бофтани матои адрас дар муддати 30 дақиқа доир гардид. Аъзои ҳакамон баъди иҷрои шартҳо ҷойи аввалро ба Фотимахон Маллаева, ҷойи дуюмро ба Дилафрӯз Холматова ва ҷойи сеюмро ба Лутфӣ Файзибоева муносиб донистанд.
Ба ғолибон туҳфаҳо ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






