Панҷакентиён ҷонибдори Пешвои миллатанд!
Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент қабули Қонуни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат эълон доштани Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон якдилона дастгирӣ менамоянд. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон ба ин шарафи бузург арзанда аст, зеро ҳанўз аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар ў барои хомўш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ заҳмат кашид ва муваффақ ҳам шуд, ки Тоҷикистон дар як фосилаи кўтоҳи таърихӣ, роҳи ба садсолаҳо баробарро тай намояд.
Мо имрўз бо ифтихор аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат барои амалӣ намудани 3 ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ — аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ сухан меронем. Таҷдиди шоҳроҳи Айнӣ-Панҷакент аз ҷумлаи чунин иқдомҳои Эмомалӣ Раҳмон аст, ки онро садсолаҳо на танҳо мардуми Панҷакент, балки тамоми водии Зарафшон орзу мекарданд.
Маҳз сиёсати дурандешонаи Сарвари муаззами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрўз Ватани моро бештар аз 100 давлати дунё ба расмият шинохтанд.
Мо панҷакентиён итминони комил дорем, ки Эмомалӣ Раҳмон минбаъд ҳам барои пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва ободии кишвару осудагии мардум чун фарзанди фарзонаи миллат хидмат хоҳад кард.
Мудири кафедраи
«Назарияи иқтисодӣ ва идоракунӣ»-и
Донишкадаи Омўзгории Тоҷикистон
дар шаҳри Панҷакент Наҷмиддинов Фирдавс








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






