Пешниҳоди Чин дар бораи ташкили минтақаи савдои озод дар қаламрави СҲШ

Декабрь 15, 2015 06:18

Душанбе, 15.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Шӯрои давлатии  ҶМЧ  Ли Кэтсян зимни  суханронӣ  дар ҷаласаи  васеи  Шӯрои  сарони ҳукуматҳои  давлатҳои  аъзои Созмони  Ҳамкории  Шанхай пешниҳод  намуд, ки   барои ташкили минтақаи  савдои  озод  дар қаламрави  СҲШ  тадбирҳои  мушаххас андешида, то  соли  2020 табодули   амвол  ва  хидматрасонӣ тезонида шавад. 
«Мо  навакак  дар  ҳайати  махдуд  тасмим  гирифтем, ки  ба  вазирони   савдо  ва  иқтисодиёт  дастур  диҳем, ки барои  ташкили  минтақаи  савдои  озод  дар  қаламрави  СҲШ тадбирҳои  мушаххас  андешанд,  то шароити мусоидтар  барои  рушди  савдо  дар  қаламрави  СҲШ фароҳам  оварда шавад», — гуфтаҳои Ли Кэтсянро иқтибос  меорад РИА Новости. 
Мавсуф ҳамчунин  изҳор  дошт, ки  давлатҳои  СҲШ вусъат  ёфтани бӯҳрони  геополитикии  ҷаҳон ва  терроризмро  ҳис  карда,  зарур  медонанд, ки  ҳамкорӣ  дар  бахши  амнияту субот таҳким  бахшида шавад. «Мо  бояд бо  ёрии  СҲШ деворҳои  мустаҳкаму касногузар  ва  амниятро сохта, ба вайронкунандагони  суботи  минтақа заррае имконият  надиҳем ва ба давлатҳои  аъзои СҲШ  барои таъмини амнияти  сиёсӣ ва суботи  иҷтимоӣ  кафолати боътимод  диҳем», —  гуфт  Ли Кэтсян.
«Ба  вазъияти ҷаҳонию  минтақавӣ мураккабиятҳои  нав илова  шуданд,  бӯҳрони  нави  геополитикӣ  тадриҷан  ба  миён  меояд, ифротталабию  терроризм  сар  мебардорад. Ба  ҷомеаи  ҷаҳон  лозим  меояд, ки  ба  ситезаҷӯиҳои  мислаш  диданашудаи ҷаҳонӣ муқобилат  кунад», —  гуфт  Ли  Кэтсян. Мавсуф   изҳор  дошт, ки   давлатҳои  СҲШ аслан  дар  маркази  қитъаи  Авруосиё — дар  сари  дуроҳаи мазҳабу  фарҳанги Шарқу  Ғарб  қарор  доранд. 
«Пешниҳод  менамоям, ки  ҳамкорӣ  дар  бахши  амнияту  субот таҳким  бахшида  шавад. Ин пояю такягоҳи  рушду  раванд  ба шумор  меравад», — изҳор  дошт Ли Кэтсян.  Мавсуф дар  ҷараёни   суханрониаш  арз  кард, ки давлатҳои  СҲШ Низомномаи СММ — ро дастгирӣ  намуда, ҷонибдори ҳалли  сулҳомези ихтилофоти ҷаҳонӣ  бо риояи  принсипҳои  эҳтироми  якдигар ва дахолат  накардан ба  корҳои дохилии кишварҳои  дигаранд. 

 

Декабрь 15, 2015 06:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст