Пешниҳоди Ш.Саид дар мавриди ташкили Шӯрои тиҷоратии «Тоҷикистон — Ҳиндустон»

Декабрь 17, 2015 06:42

Душанбе, 17.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷараёни  мулоқоти  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон Шариф  Саид  бо  сафири Ҷумҳурии  Ҳиндустон  дар ҶТ Бираҷа Прасад  вазъу  дурнамои   ҳамкорӣ  дар  бахши тиҷорату  иқтисод ва   рушди  ҳамкории   миёни  палатаҳо  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд. 
Шариф  Саид зимни  мулоқот изҳор  дошт, ки  барои  татбиқи лоиҳаи  муштарак  дар бахшҳои нерӯи  барқ, нақлиёт  ва  коммуникатсия,  металлургияи   ранга,  саноати маъдан, кимиё,  нассоҷӣ,  сабук ва хӯрокворӣ,  коркарди  махсулот,  кишоварзӣ,  ҳамчунин  дар  бахшҳои  технологияҳои  муосир,  сайёҳӣ ва илму  маориф имконоти  зиёде  вуҷуд  дорад. Шариф  Саид  пешниҳод  намуд, ки  масъалаи  таъсиси Шӯрои  тиҷоратии  «Тоҷикистон —  Ҳиндустон» ва ташкили  намояндагиҳои  муштараки  тиҷоратию  иқтисодӣ  баррасӣ  шавад. 
Бираҷа Прасад дар навбати  худ гуфт, ки  «кишварҳои мо  заминаи рушди ҳамкории мутақобилан  муфиди  тиҷоратию  иқтисодиро  доранд ва кӯшиш  менамоем, ки  барои  густариши  минбаъдаи  он  чораҳои  зарурӣ бинем». 

Декабрь 17, 2015 06:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад