Пешниҳоди Ш.Саид дар мавриди ташкили Шӯрои тиҷоратии «Тоҷикистон — Ҳиндустон»
Душанбе, 17.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷараёни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҶТ Бираҷа Прасад вазъу дурнамои ҳамкорӣ дар бахши тиҷорату иқтисод ва рушди ҳамкории миёни палатаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Шариф Саид зимни мулоқот изҳор дошт, ки барои татбиқи лоиҳаи муштарак дар бахшҳои нерӯи барқ, нақлиёт ва коммуникатсия, металлургияи ранга, саноати маъдан, кимиё, нассоҷӣ, сабук ва хӯрокворӣ, коркарди махсулот, кишоварзӣ, ҳамчунин дар бахшҳои технологияҳои муосир, сайёҳӣ ва илму маориф имконоти зиёде вуҷуд дорад. Шариф Саид пешниҳод намуд, ки масъалаи таъсиси Шӯрои тиҷоратии «Тоҷикистон — Ҳиндустон» ва ташкили намояндагиҳои муштараки тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шавад.
Бираҷа Прасад дар навбати худ гуфт, ки «кишварҳои мо заминаи рушди ҳамкории мутақобилан муфиди тиҷоратию иқтисодиро доранд ва кӯшиш менамоем, ки барои густариши минбаъдаи он чораҳои зарурӣ бинем».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






