Ӯ пешвои беназир аз баҳри мо омода аст
Ӯ ҳайкали Сомониро нуру ҷамоле додааст,
Айниву Турсунзодаро унвони олӣ додааст.
Бо ҷумлаи халқи ҷаҳон, бо душманонаш ҳамчунон,
Ин Раҳбари олии мо оғӯши худ бикшодааст.
То миллати фархундааш бар ваҳдати комил расад,
Дасту гиребон рӯ ба рӯ бо марг ӯ истодааст.
То файзи раббонӣ шавад, шодию арзонӣ шавад,
Канда ба нохун кӯҳро, роҳи наве бикшодааст.
То хонадони тоҷикон, пурнур аз Роғун шавад,
Ҳар тори шарёнаш чу сими барқ ӯ истодааст.
Эмомалӣ Раҳмони мо, ин Рустами дастони мо,
Баҳри наҷоти миллаташ ҷон рӯи каф бинҳодааст.
Ӯ пешвои миллати худ буду акнун боз шуд,
Чун бо дуои халқу миллат дар сари ин ҷода аст.
Кафро ба каф кӯбида мо, раъйе ба ин Сарвар диҳем,
Ӯ пешвои беназири миллати озода аст.
Мудири шуъбаи
тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангии
Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Ҷалолиддин Нуров








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






