Пешвои миллат ифтихори хизматчиёни давлатист
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — 15 декабри соли 2015 ҷамъомади якҷояи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» бо иштироки кормандон, донишҷўён, магистрантҳо ва шунавандагони курси такмили ихтисос барои масъулини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳо оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа баргузор гардид.
Директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷ.М. Давлатов дар робита ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» гуфт, ки: «Мардуми шарифи Тоҷикистон Президенти маҳбуби худ -Эмомалӣ Раҳмонро чун бунёдгузори давлати соҳибистиқлол, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳёгари арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ҳимоятгари манфиатҳои миллӣ ва халқиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмўъ чун як нафар фарзанди бонангу номус, фидокор ва сарсупурдаи ин кишвар мешиносад ва дўст медорад.
Вохўрию мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони минтақаҳо ва қишрҳои мухталифи ҷомеа собит карданд, ки сокинони кишвар Эмомалӣ Раҳмонро амалан Пешвои миллат эътироф намудаанд. Бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагон 9 декабри соли 2015 ин амал қонунӣ гардид».
Директори Агентии хизмати давлатӣ хидматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи ободии кишвари азизамон муфассал шарҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти пайвандгар аст. Ў бо лаёқати сарварии худодод тавонист дар марҳилаҳои ҳассостарини таърихи миллат чун кафили сулҳу субот беш аз як миллион гурезагонро ба Ватан баргардонида, дилҳои мадуми ин сарзаминро ба ҳам пайвандад. Дар солҳои мушкилтарин аркони давлатдории муосири тоҷиконро таҳким бахшид ва ҳамзамон давлати навини Тоҷикистонро ба суннатҳои давлатдории ниёгонамон пайванд дод. Эмомалӣ Раҳмон чун сарвари дурандешу оқил барои таъмини рушди босуботи кишвар ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ роҳҳо бунёд карда, минтақаҳои кишварро бо ҳам ва Тоҷикистонро ба ҷаҳон пайваст.
Зимни суханронӣ номбурда ҳамзамон гуфт, ки ин абармард воқеан барои халқу миллати мо хизматҳои бузурги таърихӣ кардааст ва давлатсозии ў барои ҳар яки мо намунаи ибрат аст. Таърих собит намудааст, ки дар бисёр давлатҳои дунё хизматҳои содиқонаи фарзандони барўманди худро қадрдонӣ карда, онҳоро ҳамчун пешво, қаҳрамон ва падари миллат эътироф намудаанд. Барои миллати борҳо аз давлатдорӣ маҳрумгардидаи тоҷик доштани Пешвои миллӣ чун рамзи худшиносӣ ва ваҳдату якдилӣ нақши муҳим дорад.
Сипас устодону шогирдони Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва шунавандагони курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ҷонибдории худро аз қабули ин қонун иброз доштанд.
Дар ҷамъомад иштирокдорон якдилона ҳамраъйии худро аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» изҳор намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






