Пешвои миллат – кафили баланд гардидани мавқеи зан дар ҷомеа

Декабрь 24, 2015 11:01

Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо занони тоҷик ифтихор аз он дорем, ки Эмомалӣ Раҳмон бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» расман соҳиби унвони Пешвои миллати тоҷик гардид. Ин қонун орзуи деринаи мо, занони кишварро дар ҳуҷҷати махсус расмӣ гардонд. Барҳақ бо қабули ин санад тамоми дастовардҳои Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ шуданд ва ҳамчун пешбарандаи миллати тоҷик абадан дар таърихи кишвар бо хатҳои заррин номи ў навишта мешавад. Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар муҳлати бештар аз бист сол мавқеи мо, занонро дар ҷомеа баланд бардорад ва дар ҳалли корҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ моро сафарбар созад. 
Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» 1 марти соли 2005, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 – 2016», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» ва  садҳо санадҳои дигар қабул гардидаанд, ки боиси устувор гардидани мавқеи занон дар ҷомеа мебошанд. 
Худи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои судманд будани қабули санадҳои зикршуда дар вақти суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат 7 марти соли 2006 баён намуд, ки: «Бо интишори Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва ҳамчунин қабул шудани Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон вазъи иштирок ва фаъолияти занон дар идораи корҳои давлат хеле қувват гирифт. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт. Ҳамзамон ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии занону духтарон ва боло бурдани сатҳи донишу маърифати онҳо таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии Ҳукумат қарор дода шуд. Ҳоло иштироки занони кишвар дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба дараҷаи бесобиқа баланд расидааст. Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсўзиву ғамхории бедареғи занон ва хоҳарону духтарон арҷи шоиставу сазовор гузоранд. Худованд дар каломи осмонии худ — Қуръони маҷид ҳурмату эҳтироми занон ва бо онҳо бо некӣ рафтор карданро аз ҷумлаи воҷиботи ҳар як мусулмон фармудааст. Ҳадиси ҷовидонаи Пайғамбари ислом- «Биҳишт зери қудуми модарон аст» тамоми мусулмононро даъват мекунад, ки дар ҳама ҳолат зан-модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиром ва қадршиносӣ намоянд».
 Ақлу фаросат, хираду бурдборӣ, диловариву қаҳрамонӣ ва кўшишу талошҳои занон барои ҳифзи номи неки хонавода, сарзамин ва миллат, инчунин муборизаи онҳо барои озодиву адолат дар тўли асрҳо дар эҷодиёти тамоми адибони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти классикиву муосири тоҷику форс тасвиру тавсиф шудаанд. Адабиёти ҷаҳоншумули тоҷику форс ҳусну малоҳат, далериву шуҷоат ва сабру матонати зани тоҷикро ба тарзи арзанда ва ҷовидонӣ васф кардааст, ки то ба имрўз сазовори таваҷҷуҳ ва эҳтироми оламиён гаштааст. Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандўсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст. Модари тоҷик фарзандони фарзонаеро мисли Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедилу Сайидо, Аҳмади Дониш, Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Низомулмулк, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ҳазорон мардони бошараф ва номбардори миллатро ба дунё овардааст, ки имрўз ифтихори мо — тоҷикон мебошанд. Гузашта аз ин, занони тоҷик ҳамеша ҳамқадами ҳаёт буда, дар инкишофи тамаддун ва фарҳанги миллӣ нақши равшану барҷаста бозидаанд.

Аспиранти факултети 
муносибатҳои байналхалқии ДМТ
Назрбӣ Исматова 
 

    

 

Декабрь 24, 2015 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ин давра конфронси техникӣ доир шуд
Сигэру Исиба сарвазири Япония интихоб гардид
Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд