Рӯзи байналмилалии муҳоҷир дар Хадамоти муҳоҷират таҷлил шуд

Декабрь 21, 2015 12:06

Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Аз соли 2000 то ин ҷониб бо ташаббуси Ассамблеяи генералии СММ 18 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳоҷир ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Конвенсияи байналмилалиро оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо қабул намуд. 
Муҳоҷират ва зуҳуроти муҳоҷирӣ ҳанӯз аз давраҳои қадим ба вуҷуд омада, дар асрҳои миёна одамон бинобар касалии вабо ва қашшоқӣ аз як ҷой ба ҷои дигар муҳоҷират мекарданд. Аз ҳамон давра одамон кӯшиш мекарданд, ки барои беҳтар намудани шароити зисти худ заминҳои киштбоб, инчунин наздик ба об ва ҷои шикорро дарёфт намоянд. Маҳз бо шарофати муҳоҷирати мардум кашфиёти географӣ ва шаҳру деҳаҳои нав ба вуҷуд омаданд. Имрӯз муҳоҷират як раванди муҳим гаштаасту қариб ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон муҳоҷиронро қабул мекунанд ё баръакс, интиқол медиҳанд. Ҳар давлат дар ҳар давру замон ҳодисаи муҳоҷиратро ба таври гуногун гузаронидааст. 
Маълум аст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ ин як роҳи ворид намудани маблағ ба буҷаи оила буда, аз ҳисоби кор дар хориҷа муҳоҷир маблағ ба даст меоварад ва вазъи оилавии худро беҳтар мекунад, хона, мошин ва бевосита кулли лавозимоти моддии оиларо таъмин менамояд, инчунин фарзандонашро мехононаду маросими тӯйи онҳоро ба ҷо меорад.
Зикр намудан бамаврид аст, ки бо роҳи муҳоҷират ҷараёни ҷаҳонишавии давлат низ суръат мегирад. Аз ҳисоботи Созмони Миллали Муттаҳид бармеояд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ барои таъмину тақсимшавии мутаносибан баробари қувваи корӣ дар тамоми ҷаҳон кумак намуда, аз ҳисоби мубодилаи малака ва касбу кор барои пешбурди ҷараёни рушди истеҳсолоти инноватсионӣ мусоидат мекунад. Яъне, муҳоҷирон ба давлатҳои пешрафтаву мутараққӣ ба кор рафта, дар ҷараёни кор технологияҳои навро аз худ мекунанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон на танҳо интиқолдиҳандаи қувваи корӣ, балки қабулкунанда ҳам мебошад. Бино ба иттилои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон соли 2012 барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон 4 800 квотаи ҷои кор ҷудо гардид ва дар ин робита ба шаҳрвандони хориҷӣ 5221 иҷозат барои кор, аз ҷумла, 2962 иҷозат ба шаҳрвандони Чин, 868 иҷозат барои шаҳрвандони Афғонистон, 267 иҷозат ба шаҳрвандони Эрон дода шуд. 
Дар замони кунунӣ муҳоҷирати меҳнатӣ ба мушкилоти куллии ҷаҳони мутараққӣ мубаддал шудааст.  Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар панҷоҳ соли охир аз 60 то ба 215 миллион нафар афзуда, дар асоси пешбиниҳои СММ то соли 2050 шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон ба 405 миллион нафар хоҳад расид. 
Таҳлилгарони созмонҳои байналмилалии меҳнат ва муҳоҷират таъкид кардаанд, ки истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ ҳам ба кишвари қабулкунанда ва ҳам ба давлати интиқолдиҳандаи он манфиати калони иқтисодӣ меорад. Бинобар ин мо муҳоҷирати меҳнатиро чун як падидаи маъмули замона бояд дарк ва қабул намоем. 
Рӯзи байналмилалии муҳоҷирро 18 декабр дар Тоҷикистон низ ҷашн гирифтанд. Бахшида ба ин рӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои дахлдор, мутахассисони соҳаи муҳоҷират ва намояндагони ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ мизи мудаввар баргузор гардид. 
Муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Толиб Шарипов аз ҷумла зикр намуд, ки муҳоҷирати имрӯзаро асосан ба оғози солҳои 90-уми қарни ХХ рабт додан дуруст аст, зеро мавҷи муҳоҷирати меҳнатии тоҷик маҳз ҳамин солҳо оғоз гардида, тадриҷан доман паҳн кард, ки  сабабҳои он дар аввал, нобасомонӣ, иқтисоди касод ва аз кор баромадани корхонаҳои саноативу маишӣ, яъне паст гаштани сатҳи зиндагӣ буданд. 
Зикр кардан ба маврид аст, ки муҳоҷират ба Русия ва Қазоқистон бо назардошти манфиати бештар доштан ба раванди болоравии сатҳи зиндагии мардум ва иқтисоди миллӣ, пас аз ором шудани вазъ дар  Тоҷикистон ва тадриҷан фаъол шудану бунёд гардидани корхонаҳои хурду калон ва бад ин васила рушд ёфтани иқтисоди миллӣ, сол то сол бештар гардида, ба анъана табдил ёфт. Мо, ки ҳама дар як давраи бузург зиндагонӣ мекардем, то ҳол дар шуури мардум аз он замон таассурот боқӣ мондааст ва Федератсияи Русия низ яке аз муҳимтарин шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо зиёд шудани муҳоҷирати меҳнатӣ раванди болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас густариш ёфта, ҳатто симои шаҳру деҳот бо бунёди корхонаву марказҳои хизматрасонӣ ва манзилҳои бо тарзи муосир сохташуда таъсири мусбат мерасонад.

 

Декабрь 21, 2015 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Спитамен дар 6490 гектар пунбадона кишт менамоянд
Huawei дар Берлин дастгоҳҳои нави пӯшидашавандаро муаррифӣ ва оғози давраи тозаи инноватсияро эълон намуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Олмон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Дар Восеъ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ҳамоишҳои маърифатӣ доир карда мешаванд
Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-сиёсӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Барои кормандони озмоишгоҳҳои Тоҷикистон оид ба ташхиси барвақтии зукоми паранда даври омӯзишӣ гузаронида шуд
Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон маркази логистикӣ таъсис медиҳад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант Олимпиадаи V ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардид
Чанган дар Тоҷикистон — оянда аллакай фаро расид!