Рӯзномаи «Wen Wei Po»-и Гонконг як саҳифаи пурраашро ба Эмомалӣ Раҳмон бахшид

Декабрь 9, 2015 11:33

Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-25 акс аз ҳаёт ва фаъолияти бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои маъруфтарин рӯзномаи Сянгана — Wen Wei Po нашр шуд.
Муаллифи мақола дар бораи Тоҷикистон, дар бораи «канораи кӯҳҳои сар ба фалак, барфҳои ҷовидонаи зери нури офтоб», дар бораи тамаддуни халқи тоҷик ва роҳбари он, ки ӯро дар Чин дӯсти бузург ва боэътимод меноманд, нақл мекунад.  Ҳамчунин дар бораи муносибатҳои стратегии муваффақона рушдкунандаи Тоҷикистону Чин, к пас аз аввалин сафари давлатии Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин дар моҳи сентябри соли 2014 такони нав касб кард, ибрози назар шудааст..
Муаллиф ёдовар мешавад, ки соли 2016 Тоҷикистон 25-умин солгарди Истиқлолияти худро ҷашн мегирад. «Тайи ин солҳо Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандӣ ва оқибатҳои онро пушти сар карда, дар ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ба дастовардҳои назаррас комёб шуд ва дар арсаи ҷаҳонӣ нуфуз пайдо кард», — қайд мешавад дар шарҳи мақола.

Декабрь 9, 2015 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд