Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ бо корд

Декабрь 17, 2015 09:03

Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 23 солаи шаҳри Хуҷандро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ  дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки номбурда 16 декабри соли равон  тахминан соати 12:30  дар хонаи истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корд 1 маротиба ба шиками марди 25-солаи сокини ҳамин шаҳр задааст. Дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.

Декабрь 17, 2015 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш