Ронда бурдани воситаи нақлиёт аз ҷониби ноболиғ

Декабрь 28, 2015 11:45

Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ  сокини 56-солаи шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24.12.с.2015, тахминан соати 02:00 шахсони номаълум аз назди хонаи истиқоматиаш мошини шахсиаш- тамғаи “Нексия”-ро  ғайриқонунӣ  ронда  бурдаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои  фаврӣ -ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар рабудани мошин сокини 27-солаи шаҳри Душанбе ва ноболиғ, ҷавони 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти умумиро дастгир намуданд. Оид ба ин ҳодиса тафтиш идома дорад.

Декабрь 28, 2015 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш