«Рушди соҳибкории истеҳсолӣ: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо»-конфронси илмию амалӣ

Декабрь 29, 2015 11:00

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери  унвони «Рушди соҳибкории Истеҳсолӣ: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамо» конфронси илмию амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, бонкҳо, намояндагони бахши хусусӣ, созмонҳои инкишофи соҳибкорӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-татқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии олӣ дар масъалаҳои «Шароитҳои макроиқтисодии рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ», «Бонкдорӣ ва соҳибкорӣ», «Ислоҳоти бахши саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Саноати коркарди меваву сабзавот ва қолинбофӣ дар корхонаҳои хурд», «Раванди татбиқи баъзе аз барномаҳои давлатӣ дар соҳаи саноатӣ сабук»  сухан гуфтанд.
 Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории  конфронс муайян намудани мушкилот ва монеаҳои ҷиддии маъмуриву сунъӣ, сатҳи ҳамкории давлату бахши хусусӣ дар самти фаъолияти рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ҳамзамон ҷустуҷӣ ва дарёфти роҳҳои таъмини самаранокии рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мешавад.

Декабрь 29, 2015 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад