Рушди воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар сатҳи нисбатан муътадил- 6,0% нигоҳ дошта шуд

Декабрь 3, 2015 05:19

Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Идомаёбии бӯҳрони сиёсӣ-иқтисодӣ ва ноустувории молиявӣ дар як зумра мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия ва мамлакатҳои ҳамсарҳад таъсири манфии худро ба вазъи иқтисодиёти ҷумҳуриамон расонида истодааст.      
“Раванди мазкур аз лиҳози омилҳои иқтисодию молиявии берунӣ ба пастравии нархҳои ҷаҳонии нафт (то 60%) ва дар ин замина коҳиш ёфтани интиқоли пулии шахсони воқеӣ (зиёда аз 35%) ва воридоти асъори хориҷӣ вобаста буда, таъсири он ба пастравии қурби пули миллӣ, кам гардидани қобилияти харидории аҳолӣ, сатҳи талабот, воридоти молҳо (21,8% дар 10 моҳ), даромади буҷети давлатӣ ва фаъолнокии бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар, бахусус хизматрасонӣ (-6,5% дар 10 моҳ) расонид”,-гуфт раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед  Нурмаҳмадзода 2 декабр дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Бино ба гуфтаи Ҷ.Нурмаҳмадзода,  новобаста аз ин, дар 10 моҳи соли равон рушди воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар сатҳи нисбатан муътадил — 6,0% (рушди соҳаҳои сохтмон — 22,1%, саноат — 12,1%, ва кишоварзӣ -3,0%) нигоҳ дошта шудааст .
Сатҳи таваррум нисбат ба соли қаблӣ паст гардида, андозаи он ба 4,1 % баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 банди фоизӣ камтар мебошад. 
“Ба ин раванд дар баробари татбиқи сиёсати самарабахши монетарию макроиқтисодӣ, инчунин як силсила омилҳо, аз қабили паст гардидани индекси нархҳои ҷаҳонии мол ва ашёи хом (бахусус, маводи ғалла ва сӯзишворӣ), коҳиши сатҳи даромад ва талаботи истеъмолии аҳолӣ, зиёд гардидани истеҳсолоти маводи хӯроквории дохилӣ (хусусан, сабзавот ва меваҷот) таъсир расонид”-илова намуд раиси БМТ.

 

 

Декабрь 3, 2015 05:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст