Садамаи марговар дар ноҳияи Восеъ

Декабрь 8, 2015 04:51

Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-07-уми ноябр, ронандаи мошини тамғаи Нексия, сокини 45-солаи  ноҳияи Темурмалик ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Восеъ ба самти ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи Опел-Астра, таҳти идораи ронанда, сокини 33-солаи ноҳияи мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандагони ҳар ду нақлиёти сабукрав ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд ва пас аз чанд муддати он ронандаи мошини тамғаи Нексия дар беморхона ба ҳалокат расид.

Декабрь 8, 2015 04:51

Хабарҳои дигари ин бахш