Сафири Покистон: «Эмомалӣ Раҳмон дар воқеъ марди нодир аст»
Душанбе, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Чунин баҳогузорӣ, ки аз забони Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ба наздикӣ дар Исломобод садо дода буд, ба гуфти сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро бори дигар зимни мулоқотҳои Э.Раҳмон бо роҳбарони ниҳодҳои марказии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел тасдиқ гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки ҳоло Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ дар шаҳри Брюссел қарор дорад ва аллакай як зумра мулоқотҳои басо судбахш бо роҳбарони аршади Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои бонкиву сармоягузории он анҷом дод.
Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти корӣ бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск, ки дирӯз дар шаҳри Брюссели Белгия баргузор гардид, оид ба беҳтар намудани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва таъмини амнияту субот дар Афғонистон суҳбат намуд. Ҷонибҳо татбиқ намудани лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои мошингард ва оҳан, кашидани хаттҳои барқ, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ва корхонаҳои пуриқтидор дар ҳудуди Тоҷикистонро, ки ба манфиати тамоми мардуми минтақа равона шудааст, аз омилҳои асосии беҳтар намудани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоии зиндагии сокинони минтақа донистанд.
Ҳамчунин дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер низ ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи Аврупо дар соҳаи энергетика, бунёди неругоҳҳои обӣ, кашидани хаттҳои интиқоли барқ, аз ҷумла тарҳи САSА-1000, татбиқи лоиҳаҳои калонмиқёси нақлиётию энергетикӣ, ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва боркашонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудаанд, мавриди таваҷҷуҳи хос қарор дода шуд.
Мувофиқи иттилои хадамоти матбуотии Сарвари давлат дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии сармоягузорӣ Жан Вапавуори, ки шоми дирӯз дар шаҳри Брюссел баргузор гардид, оид ба саҳмгузории Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои роҳҳои оҳану мошингард, неругоҳҳои барқӣ ва хаттҳои интиқоли неруи барқ, аз ҷумла лоиҳаи хатти баландшиддати барқии CASA-1000 барои интиқоли барқ ба Афғонистону Покистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт. Лоиҳаҳои мазкур аҳаммияти минтақавӣ дошта, барои бо ҳам пайвастани кишварҳои минтақа ва бо ин роҳ беҳтар кардани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии сокинони минтақа, кам кардани хатарҳои ҷаҳони замони муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароии динӣ-мазҳабӣ равона шудаанд.
Оид ба фаъолияти пурсамари Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти минтақа сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сумро чунин андеша дорад: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳама миллати Покистон ҳамчун пешвои бузург, ходими давлатии миллати бародар ва дӯсти самимии Покистон мебошад, ки на танҳо барои Тоҷикистон, ҳамчунин барои Покистон субот ва шукуфоиро мехоҳад. Роҳбарият ва мардуми мо ташаббусҳои дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмонро барои рушди миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015) ва бунёди хаттҳои интиқоли неруи барқ ба тамоми минтақа шоиставу арзанда арҷгузорӣ мекунанд. Танҳо пешвоёни миллии нодир ва дурандеш, мисли Президенти Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон метавонанд чунин фазои неку созандаро аз миёни марзҳо, ба василаи талошҳои самимиву содиқона, ки барои манфиати ҳамаи инсоният равона шудаанд, фароҳам оварда, дар минтақа паҳн кунанд».
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқоти худ бо пешвоёни ҷаҳонӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ҳамеша масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму экстремизм, муқовимати муштарак бо хатару чолишҳои ҷаҳони муосирро дар мадди аввал гузошта, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ дар ин самт изҳор мекунад.