Сарбанди кӯли Сарез дар заминҷунбии рухдода устувории худро нигоҳ дошт

Декабрь 12, 2015 06:04

Душанбе, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 7 декабри соли 2015 соати 12:50 (бо вақти маҳаллӣ) заминларзаи магнитудааш M = 7.2, рух дод, ки ба заминларзаи соли 1911 шабоҳат дошт. Аз рӯи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи афтидани санги азими дар соҳили кӯли Сарез буда сатҳи оби кӯл 40-50 см баланд шуд ва маҷрои беруншавии об аз кӯл зиёд гардид. Ҳодисаи мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки худи сарбанди кӯли Сарез ҷараёни обро идора мекунад ва дар натиҷаи заминларзаи рухдода сахтшавии иловагии сарбанд ба амал наомадааст, ки боиси паст шудани полоиши об ва баланд шудани сатҳи об гардад.
Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон алҳол тамоюли пастшавии сатҳи оби кӯли Сарез ва камшавии ҷараёни об аз кӯл ба мушоҳида мерасад ва ин раванд аз он шаҳодат медиҳад, ки сарбанди Усой дар ҳолати устувор қарор дорад.
Бино ба иттилоАкадемияи илмҳои ҷумҳурӣ,  кӯли Сарез соли 1911 дар натиҷаи заминҷунбии магнитудааш М=7,4 ҳангоми фурӯ рафтани қитъаи зиёди нишебии соҳили рости дарёи Мурғоб дар ҷои деҳаи пештараи Усой пайдо шудааст. Дар масофаи 4 км аз сарбанди бавуҷудомада дар 2,2 километри кубӣ об ҷамъ гардид ва соли 1914 деҳаи Сарез зери об монд. Номи кӯл аз номи деҳаи Сарез гирифта шудааст. Аз рӯи гуфти шоҳидон заминларза дар ин мавзеъ тӯли як ҳафта идома ёфтааст. 
Дар давоми мавҷудияти кӯли Сарез беш аз 100 сол аст, ки масъалаи бехатарии сарбанди кӯли Сарез ва эҳтимолияти рахна шудани он дар маркази диққати муҳаққиқон қарор дорад. Аксари коршиносон дар он ақидаанд, ки сарбанди Усой устувор аст ва канда шудани сарбанди кӯли Сарез аз эҳтимол дур аст.
Дар давоми солҳои 2000-2007 бо дастгирии молиявии Швейтсария, хазинаи Оғохон ва Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи байналмилалӣ оид ба насб намудани системаи назоратӣ ва огоҳонии пешакӣ дар сарбанди Усой ва водии Бартанг вобаста ба эҳтимолияти ҳама гуна оқибатҳои хатарноки кӯли Сарез амалӣ шудааст. Низоми мазкур аз соли 2007 ин ҷониб зери назорати Раёсати «Усой»-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ мебошад ва дар сарбанд навбатдории шабонарӯзӣ ташкил  шудааст, ки назорати ҳолати сарбанди кӯли Сарезро ба уҳда дорад. Маълумот аз ин низом ба воситаи моҳвора ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешавад. 
Нишондиҳандаи асосии сарбанди Усой ченаки ҷараёни об аз кӯл аз ҳисоби полоиши он ба воситаи қисми болоии сарбанд ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми беруншавии об аз кӯл дар зимистон ва тобистон фарқ мекунад. Дар давраи тобистон аз ҳисоби обшавии пиряхҳо воридшавии об ба кӯл нисбат ба давраи зимистон 2 баробар зиёд аст. Ченкунии маҷрои оби кӯл ба таври шабонарӯзӣ дар пойгоҳи таҷҳизонидашудаи махсуси гидрологӣ, ки дар масофаи 1 км поён аз сарбанд ва дар деҳаи Барчадив (18 км дуртар аз сарбанд) ҷойгир шудаанд, гузаронида мешавад. Сатҳи оби кӯл ба таври автоматӣ низ чен карда мешавад.
Ҳамин тариқ, заминларзае, ки 7 декабри соли 2015 рух дод, ба сарбанди кӯли Сарез ва реҷаи полоиши об аз кӯл таъсир нарасонидааст. Сарбанди Усой дар ҳолати устувор қарор дорад ва хатари рахна шудани кӯли Сарез вуҷуд надорад.

Декабрь 12, 2015 06:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид