Сарвазири Туркия даъват кард, ки бо Русия шабакаи алоқаи ҳарбӣ барқарор карда шавад

Декабрь 1, 2015 12:55

Душанбе, 01.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Аҳмад Довутоғлу даъват намуд, ки бо Русия шабакаи алоқаи ҳарбӣ барқарор карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин тадбир барои пешгирии ҳаводисе, ки бо бомбаандози СУ-24-и Русия дар сарҳад бо Сурия рух дод, зарур мебошад. Дар ин бора агентии «Reuters» иттилоъ медиҳад.
Гузашта аз ин, А. Довутоғлу ваъда дод, ки Туркия тамоми кӯшишҳоро барои рондани ҷангиёни ба ном «Давлати исломӣ» аз минтақаи марзии Туркия ва Сурия идома хоҳад дод.

 

Декабрь 1, 2015 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш