Сессияи илмии Академияи илмҳои ҶТ бахшида ба 80 — солагии зодрӯзи академик Хуршед Каримов
Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сессияи илмии Академия бахшида ба 80 — солагии зодрӯзи доктори илмҳои биологӣ, профессор, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, академики АИ ҶТ Хуршед Ҳилолович Каримов баргузор гардид.
Ҷамъомадро ноиби президенти АИ ҶТ, академик Муҳиба Яқубова ифтитоҳ бахшида, узви вобастаи АИ ҶТ Ҳомидҷон Абдуллоев дар мавзӯи “Ҳаёт ва фаъолияти илмию ташкилии академик Хуршед Ҳилолович Каримов” маърӯза намуд.
Хуршед Ҳилолович Каримов чун олими шинохта ва намоёни соҳаи илми биологӣ, роҳбар ва ташкилотчии моҳиру оқил дар тӯли умри пурфайзу бобаракаташ тавонист, ки бо хиради воло дар соҳаи илмҳои биологӣ, алалхусус, физиология ва биохимияи растаниҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонад.
Хуршед Каримов 10 — уми декабри соли 1935 дар оилаи зиёӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд таваллуд шудааст. Падари номбурда муаллифи китоби “Алифбо” — Ҳилол Каримов мебошад, ки зиёда аз 50 сол мардуми тоҷик бо ин китоб ҳарфу ҳиҷоҳоро аз бар намуда, соҳибсавод гаштаанд.
Хуршед Ҳилолович Каримов соли 1974 дар мавзӯи “Рушду нумӯи зимистона ва оромии тобистонаи растаниҳо дар минтақаҳои хушки Тоҷикистон” рисолаи докториро дифоъ карда, соли 1981 узви вобастаи АИ ҶТ, соли 1985 узви пайвастаи АИ ҶТ интихоб гардида, соли 1989 ба унвони профессор сазовор гардидааст. Академик Хуршед Ҳилолович Каримов солҳои 1987 — 2014 ҳамчун раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ихтисоси физиология ва биохимияи растаниҳо фаъолият намуда, дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи биология саҳми босазо гузоштааст.
Хуршед Ҳилолович Каримов ҳамчун олими шинохта на танҳо дар конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ, инчунин дар чандин симпозиумҳои байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Олмон (1977), Австрия (1990 — 1991), Эрон (1994 — 2001), Украина (1995), Қазоқистон (1996), Туркия (2002), Исроил (2002), Русия (2002), Мексика (2003) ширкат варзида, дастовардҳои илми биологияи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.
Заҳматҳои шоёни Хуршед Ҳилолович Каримов аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо медалу орденҳо ва ифтихорномаю раҳматномаҳо қадрдонӣ шудаанд. Академики шинохта Хуршед Ҳилолович Каримов муаллифи зиёда аз 430 мақолаи илмӣ ва 8 монография аст. Таҳти роҳбарии Хуршед Ҳилолович Каримов 12 нафар рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд.
Дар анҷоми ҷамъомад ҳамкорон, дӯстон, ҳамкасбон, шогирдон ва пайвандони шодравон аз рӯзгори ибратомӯзи фидоии роҳи илм, мутахассиси шинохтаи соҳаи физиология ва биохимияи рустаниҳо академик Хуршед Ҳилолович Каримов хотироти худро иброз доштанд.
Иштирокдорони ҷамъомад пешниҳод карданд, ки барои абадӣ нигоҳ доштани хотираи академик Хуршед Ҳилолович Каримов утоқи кории ин олим дар Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ таъсис дода шавад ва ҳамзамон маҷмӯаи дастаҷамъӣ саршор аз хотироти шогирдон, хамкорон ва пайвандону ҳамкасбони устод таҳия ва интишор гардад.
Дар ин бора хабарнигори хадамоти матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шервони Умриддин ба АМИТ “Ховар” хабар дод.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






