Ш. Орумбекзода: Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» ниёзи мардумро бароварда сохт
Душанбе, 15.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот ҳамоиши «Интихоби Пешвои миллат- зарурати воқеии давлатдории навини тоҷикон» (дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат»), доир гардид.
Дар ҳамоиш вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни сухани худ гуфт, ки : « Соли 2015 аз ҳар нигоҳ барои мардуми тоҷик соли махсус ва бобарор аст. Метавон ин солро соли таърихӣ ном бурд, зеро 9-уми декабри соли равон Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро ба тасвиб расонд, ки он аз тарафи тамоми мардуми Тоҷикистон хуб пазируфта шуд. Воқеан ҳам қабули ин қонун саривақтӣ буда, ниёзҳои мардумро амалӣ мегардонад. Ин арҷшиносӣ, эҳтироми бузург ва арзи сипоси мардуми тоҷик ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст».
Ҳамчунин дар ҳамоиш гуфта шуд, насле, ки имрӯз зиндагӣ ва фаъолият дорад, наслест, ки худ ин таърихро таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар бунёд намуд, дар тамоми таърихномаи он ширкат дошт ва назари дурбинонаи Роҳбари давлатро худ қазоват кард ва имрӯз ба он баҳои воқеӣ дода, қонуни мазкурро қабул намуд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






