Шиносоии Сарвазири мамлакат бо фаъолият ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳои гуногуни саноатӣ

Декабрь 5, 2015 12:11

Душанбе, 5.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолият ва иқтидори  истеҳсолии  корхонаҳои  гуногуни саноатӣ дар  шаҳри  Душанбе ва ноҳияи Рудакӣ шинос шуд.
Мақсади боздиди Сарвазири мамлакат аз корхонаҳои саноатӣ асосан шиносоии бевосита бо иқтидори корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва ширӣ, инчунин дарёфти роҳу усулҳои нави афзун намудани иқтидори корхонаҳои мавҷуда ва паст кардани шиддати воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба қаламрави мамлакатро дар бар мегирифт. Маҳсулоти қаннодӣ дар бозори истеъмолии мамлакат яке аз маҳсулоти  муҳим ба  ҳисоб  рафта,  мувофиқи маълумоти оморӣ ҳаҷми истеҳсоли он дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як сол 12,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз рўйи  ҳисоб  корхонаҳои маҳсулоти қаннодии  мамлакат  имкони  таъмини  талаботи  аҳолии кишврро бо ин  намуди маҳсулот  доранд, вале ҳастанд мушкилоте, ки  дар ин самт ба садди роҳи молистеҳсолкунандагони ватанӣ мегарданд. Сарвазири мамлакат дар оғоз бо фаъолияти Корхонаи  маҳсулоти  қаннодии  «Ширин»-и  шаҳри  Душанбе  шинос шуд. Ин корхона дар мамлакат аз иқтидорҳои бузурги истеҳсоли  маҳсулоти  қанодӣ  ба  ҳисоб  рафта, иқтидори  истеҳсолии бо назардошти талаботи бозори дохилӣ тавони афзун шудан дорад. Дар  корхона 138  нафар  фаъолият дошта, 65 номгўйи  маҳсулоти қаннодӣ  истеҳсол карда мешавад. Аз оғози соли равон то имрўз корхона 509 тонна маҳсулот истеҳсол кардааст, ки бо ин нишондиҳанда ҳиссаи маҳсулоти корхона дар маҷмуи маҳсулоти қаннодии мамлакат 4 фисадро ташкил медиҳад. Сипас Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти ҶММ Фабрикаи  қаннодии «Амирӣ» дар ноҳияи Рудакӣ шинос шуд. Фабрикаи  қаннодии «Амирӣ»-ро  иқтидораш  баробар  ба   9337,5 тонна маҳсулот дар як сол буда,   85 коргар дорад ва 82 номгўй маҳсулоти қаноддӣ истеҳсол менамояд. Ҳиссаи маҳсулоти корхона дар маҷмўи маҳсулоти қаннодии кишвар 2,3 фоизро ташкил дода, корхона дар маҷмуъ маҳсулоти ҷавобгӯ ба талаботи сифат истеҳсол менамояд. Маҳсулоти хоми дохилӣ асосан аз ҳисоби  меваҳои тару тоза ва хушки ватанӣ истифода мешаванд, вале ҳисоби он дар таркиби маҳсулоти хоми аз хориҷ воридшаванда каме беш аз 5-7 фисадро ташкил медиҳад ва боқимона, яъне 93-95фоиз  аз ҳисоби воридот аст. Тавре  масъулони корхонаҳои истеҳсолӣ таъкид доштанд, барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ  маҳсулоти  хом, асосан  маҳсулоти хушбуйкунандаю таъмшириннамоянда  аз  кишварҳои хориҷ дастрас карда мешаванд, ки хароҷоти барзиёд дошта, ба нархи маҳсулоти тайёр таъсир мерасонад. Дар идомаи боздид Сарвазири мамлакат ба корхонаи маҳсулоти ширии «Саодат»-и шаҳри Душанбе омада, бо рафти истеҳсолот бевосита шинос шуд. Ин корхона дар истеҳсоли маҳсулот ширӣ тавоноии бузург дошта, дар як шабонарўз дар коргоҳхои он беш аз 50 тонна шир коркард мешавад. Корхона 470 коргар дошта, маҳсулоти ҷавобгў ба талабот истеҳсол менамояд ва номгўйи маҳсулоти истеҳсолии он 80 намудро ташкил медиҳад.
Сарвазири мамлакат баъди шиносоии бевосита бо иқтидори истеҳсолии  корхонаҳои саноатӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарияти корхонаҳо ва дигар масъулони соҳаро вазифадор кард, ки баҳри ҳалли ҳарчӣ зудтари мушкилоти молистеҳсолкунандагони ватанӣ, дарёфти роҳу усулҳои нави рақобатпазирии маҳсулоти худӣ, бо мақсади кам кардани шиддати воридоти маҳсулоти қаннодӣ ва ширӣ, дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти балансифати ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

Декабрь 5, 2015 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд