Шўрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз иқдоми намояндагони мардумӣ истиқбол намуд
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шўрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» доир гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷавонони ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аъзои Шўрои марказии созмони ҷавонони ҳизб аз иқдоми намояндагони мардумӣ барои ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» истиқбол намуданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки 21 сол қабл дар ҳамин рўз дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофарини фарзанди фарзона ва Пешвои миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ин воқеа барои ҳар як аъзою ҷонибдорони ин ҳизби мардумӣ рўзи фаромӯшношуданӣ боқӣ хоҳад монд. Аз ин рў, Шӯрои марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан» аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро бо ин рўзи фархунда таҳният гуфтанд. Ҳамчунин дар ДМТ аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамоиши ҷавонон доир шуд, ки дар он аъзои фаъоли ин ниҳоди ҷавонони ҲХДТ ширкат доштанд. Аз номи созмони ҷавонони ҳизб ба иштирокдорони ҳамоиш ва сокинони шаҳри Душанбе варақаҳои табрикотӣ дода шуданд.
Матни табрикоти Шўрои Марказии ТҶҶ «Созандагони Ватан»
21 сол қабл, 10 декабри соли 1994 дар низоми сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи наву фараҳбахш ба вуҷуд омад. Дар ин рўз, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки аз бовари мардум реша гирифта, ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи аслии хеш медонад ва барои ободии Ватану саодати сокинони кишвар талош меварзад, таъсис ёфт.
Аз рўзҳои аввали таъсис ҲХДТ он неруи сиёсии кишвари соҳибистиқлол буд, ки дар заминаи ғояҳои созандаву ваҳдатофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба майдон омада буд. Аз ҳамон марҳилаҳои душвори таърихӣ сар карда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар барномаи хеш эълон намуда буд, ки ҳадафи вай бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Вақт воқеан нишон дод, ки ин ҳизб ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ содиқ буда, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми имкониятҳои зеҳниро дар худ дорад ва барои ин тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Имрўз низ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» фаъолият намуда, барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси муаззами он бармеоянд, ҷидду ҷаҳд намуда истодааст.
Аз ин рў, мо ҷавонон низ ормонҳои худро дар Барнома ва Оинномаи ин ҳизби ваҳдатофар мебинем ва ба ғояҳои созандаи он содиқ мебошем.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, аз номи ТҶҶ «Созандагони Ватан» аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, инчунин сокинони шарафманди кишварро бо ин санаи фархунда таҳният мегӯем.
Рӯзи таъсиси Ҳизби халқ муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!!!








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд






