Т. Қудратов: «Мо ҷонибдори сиёсати созандаи Пешвои миллат ҳастем»

Декабрь 28, 2015 04:26

Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯзҳо сокинони шарафманди вилояти Суғд, махсусан бинокорон, ки дар бунёди иншооти гуногунсоҳаи хоҷагии халқи мамлакат саҳми беандоза доранд,  додани унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ ва самимияти бепоён истиқбол намуда, аз хизматҳои мондагори Сарвари давлати тоҷикон-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар мешаванд. 
«Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон дар замоне, ки миллати тоҷик аз дасисабозиҳои як зумраи манфиатхоҳ азият мекашид, роҳбарии ин миллату давлатро ба уҳда гирифта, барои барқарории сулҳу субот дар кишвар талош намуд ва дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро ба сулҳи деринтизор расонид. Ҳар як сокини кишвар хуб медонад, ки Президенти Тоҷикистон корҳоеро, ки барои миллат анҷом дод, дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик сабти ном шудаву хоҳад шуд. Маҳз зери роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон ҳазорҳо корхонаҳои нави саноатӣ, шоҳроҳҳои азими байналмилалӣ, нақбҳои замонавӣ, хаттҳои баландшиддати барқ, мактабу муассисаҳои тандурустӣ,  шаҳракҳои наву замонавӣ сохта шуда, тоҷикон дубора бо гузаштаи пурифтихори худ шинос гардиданд. Хушбахтона, бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз дар ҳар як минтақаи ватани мо корҳои бунёдкорӣ ҷараён доранд ва тоҷикон дар паҳлӯи Пешвои миллат истода, барои боз ҳам обод гардидани мамлакат заҳмат мекашанд. Мо, сокинони вилояти Суғд аз пешрафтҳои азими соҳаҳои гуногун шод буда, худ шоҳиди он ҳастем, ки ҳамасола дар вилоят теъдоди зиёди иншооти замонавӣ ифтитоҳ мегарданд. Масалан, танҳо дар давоми соли 2015 дар раванди корҳои ободониву созандагӣ ва татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд якчанд иншооти зарурӣ, аз қабили “Навсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ” дар шаҳри Хуҷанд, “Қасри фарҳанг” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, “Азнавбарқароркунии бинои марказии таълимӣ — истеҳсолии шаҳри Хуҷанд ва сохтмони иншооти ёрирасон барои ҷойгиршавии қисми низомии 3501-и қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Маҷмааи қабули расмии меҳмонон дар Қасри маданияти “Арбоб”-и (“Амфитеатр”) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров”, “Обёрӣ ва азхудкунии заминҳои мавзеи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва сохтмони шаҳраки “Сайҳун” (марҳалаи 1), шаҳраки Баҳористон, “Сохтмони майдони чавгонбозӣ ва иншооти ёрирасон барои “Мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба футбол ва чавгон”-и вилояти Суғд дар шаҳри Ҳуҷанд, Маҷмааи таърихии “Нақибхон Туғрал”, Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ омода шудаву бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардиданд, ки имрӯзҳо мавриди истифодаи умум қарор дорад. Дар солҳои оянда низ як зумра иншооти гуногуни барои ҷомеа зарурӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд. Ҳамаи ин пешравиҳо худ гувоҳи онанд, ки мамлакат бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли рушду тараққиёт буда, сатҳи зиндагии мардум сол ба сол беҳтар мегардад. Аз ин лиҳоз мо сокинони кишвар ҷонибдори сиёсати созандаи Пешвои миллат ҳастем».

Тоҳирҷон Қудратов,
Сардори Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд

Декабрь 28, 2015 04:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад
Дар шаҳри Панҷакент ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 август, душанбе, 216-умин рӯзи соли 2025 аст