Такмили ихтисоси кадрҳои ҷавон дар Қазоқистон

Декабрь 21, 2015 08:59

Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади иҷрои Барномаи татбиқи «Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016» 5 нафар  кадрҳои ҷавони хизматчии давлатӣ аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар курси такмили ихтисос ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафарбар шуданд. 
Кадрҳои ҷавони хизматчии давлатӣ дар курси такмили ихтисос дар мавзӯи «Принсипҳои фаьолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар давоми панҷ рӯз фаро гирифта мешаванд. 
Интизор меравад, дар курси такмили ихтисос хизматчиёни давлатӣ оид ба фаьолияти иттилоотии мақомоти давлатӣ, принсипҳои он, фаьолияти самараноки сомонаҳои макомоти давлатӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотӣ ва таҳияи варақаҳои матбуотии мақомоти давлатӣ таҷрибаи заруриро аз худ намоянд. 

Декабрь 21, 2015 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад