Тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста мешаванд
Душанбе, 1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ”-ро қабул кард ва он пас аз нашри расмӣ дар амал татбиқ мешавад.
Тибқи талаботи дастурамали номбурда тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ танҳо дар хазинаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳо ва саридораҳои ташкилоти қарзӣ анҷом дода мешаванд. Ҳоло муваққатан (то 3 моҳ) амалиёти мубодилавӣ тавассути нуқтаҳои интиқоли пулии дар ин муассисаҳо ҷойгирбуда низ гузаронида мешавад (ба ғайр аз нуқтаҳои интиқоли пулие, ки берун аз ин муассисаҳо ҷойгиранд).
Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бо муроҷиат ба тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки зарурияти ин иқдомро ба хубӣ дарк намоянд ва мубодилаи асъорро танҳо дар ҳамин муассисаҳои номбурдаи ташкилоти қарзӣ анҷом диҳанд, зеро мубодилаи асъор дар ҷои дигар қонуншиканӣ ҳисобида шуда, ҳам фурӯшанда ва ҳам харидор баробар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд ва маблағҳои пулии онҳо мусодира мегардад.
Шахсони воқеӣ — соҳибкорони инфиродӣ, тоҷирон ва шахсони ҳуқуқӣ — корхонаю идораҳо ва ширкату муассисаҳои савдо барои дарёфти асъори нақди хориҷӣ бояд ба ташкилоти қарзӣ ва муассисаҳои онҳо муроҷиат намоянд.
Ташкилоти қарзӣ имконият ва иқтидори ба асъори хориҷӣ (нақдӣ ва ё ғайринақдӣ) мубодила кардани маблағҳои бо пули нақди миллӣ андухтаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро доранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






