Тавилдара: “Э. Раҳмон наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат ва кафили сулҳу ваҳдат аст”

Декабрь 30, 2015 17:38

Душанбе, 30.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Сокинони ноҳияи Тавилдара чун мардуми дигар минтақаҳои кишвар қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро бо якдилӣ ҷонибдорӣ намуданд. Раиси ноҳияи мазкур Ҳиммати Ғайрат, аз ҷумла иброз намуд, ки: “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ дар пеши назари мардум рӯз то рӯз ташаккул меёбад. Аз хурд то бузург ӯро дӯст медоранд ва эҳтиромаш мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт.Ӯ умед ва боварро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо намуд, халқи гирифтори гирдоби навмедӣ ва давлатдории миллии тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод. Бо шарофати иродаи матини Эмомалӣ Раҳмон ягонагии Тоҷикистон таъмин шуд.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ноҳияи Тавилдара ба пешравиҳои назаррас ноил гардид, ки дар ин ҷода дастгириҳои Ҷаноби Олӣ мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Пазируфта шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат воқеан амали саривақтӣ буда, боиси дастгирии кулли сокинони ҷумҳурӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз фурӯравӣ наҷот додааст”.
Дар ҳамоише, ки рӯзи 9-уми декабри соли равон дар маркази ноҳия баргузор гардид, сокинони ноҳия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат»-ро бо мамнуният ҷонибдорӣ намуда, Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои ҳақиқии миллат донистанд.
Иброҳим Талбонов, раиси ҷамоати деҳоти Тавилдара иброз намуд, ки: “Пешниҳод гардидани фарзанди содиқу вафодори халқ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд моро хеле шод намуд. Мо имрӯз ба Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун ба роҳбар, балки ҳамчун ба наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузои мактаби давлатдории муосири миллӣ, дар маҷмуъ ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарем. Пешниҳоди соҳибназарони кишварро оид ба додани унвони «Пешвои миллат» ба Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ менамоем».
Ғайратшо Шарипов. сармутахассиси шуъбаи маориф ҳамчунин баён намуд, ки: “Ҳамагон эътироф менамоянд, ки Ҷаноби Олӣ шахси ба сухан ва ваъдааш устувору содиқ буда, бо ин хислатҳои худ тавонист зиндагии осоиштаро ба мардум ҳадя намуда, халқро аз парокандагӣ ва давлати тоҷиконро аз завол наҷот диҳад. Инчунин таҷрибаи сулҳофарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тамоми мамлакатҳои ҷангзадаи олам дастури амали худ қарор медиҳанд, ки бешубҳа, барои барҳам задани оташи ҷанг ва расидан ба сулҳу осоиш таҷрибаи беҳтарин эътироф гардидааст”.
Сабоҳат Қурбонова, мудири бахши фарҳанги ноҳия мегӯяд:

“Раҳ ёфтию дар шаби торик давидӣ,

Ҳангоми саҳар чун шафақи субҳ дамидӣ,

Дар пеши раҳат об буду санг буду кӯҳ,

Аммо ту буридию шикастию паридӣ…

Ҳар боре ки корнамоии ин абармарди миллати тоҷик пеши назарам меояд, беихтиёр ин мисраъҳои шоири зиндаёд Мирзо Турсунзода дар забонам чарх мезананд, ки гӯиё устод ин шеърро дар ҳаққи мунодии сулҳу ваҳдат- Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон гуфта бошад. Хизматҳои шоёни Сарвари давлат баҳри бунёди давлати навини тоҷикон ниҳоят зиёданд. Соҳаи фарҳанг ба як гӯшаи фаромӯшӣ расида буд ва имрӯз дар пояи баланд қарор гирифтааст. Охир миллатро бо фарҳангу ёдгориҳои таърихиаш мешиносанд! Ин марди ватандӯст дар баробари дигар соҳаҳо барои рушди соҳаи фарҳанг ҷидду ҷаҳд намуд, собиқадорони ин соҳаро қадрдонӣ намуд ва баҳри эҳёи фарҳанги ниёгон талош варзид. Имрӯз мо кормандони соҳаи фарҳанг дар биноҳои хушсохту замонавӣ фаъолият мекунем, ки ин барои пешрафти кори мо мусоидат мекунад. Дастовардҳое, ки дар зарфи 25 соли Истиқлолият дар ҷодаи санъат ва илму фарҳанг ба даст омадаанд, дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба чашм намерасиданд. Аз ин рӯ, месазад хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро чун муқаддасот эҳтиром дошт ва ба ин унвон мушарраф донист. Ӯ пешво аст, Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон дар арсаи таърих”.
Миҷгона Нордонаева, мутахассиси пешбари бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тавилдара: “Аслан мо, ҷавонони хуштолеи замони истиқлол хеле барвақт Сарвари давлатро Пешвои миллат унвон карда будем, зеро бо шарофати сиёсати хирадмандонаи ин абармард дар ҷараёни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат нақши ҷавонон хеле баланд гардид. Нахустин мулоқоти Сарвари давлат бо ҷавонони лаёқатманди кишвар моҳи феврали соли 1993 баргузор шуда буд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷавонон ба дастовардҳои бузург ноил гардиданд. Роҳбарияти мамлакат барои баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоиди таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияи муосир тамоми тадбирҳоро амалӣ менамоянд. Мо ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани асосгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки мо. ҷавонон воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар ҳастем. Аз ин лиҳоз, мо ҷавонон, чун неруи бузурги созандаву бунёдкор, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав ва ояндаи миллат бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони истиқлол сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишварро якдилона ҷонибдорӣ намуда, дар пешрафти тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа фарзандона ва содиқона фаъолият менамоем. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро мо, ҷавонони ноҳия якдилона ҷонибдорӣ намуда, изҳор менамоем, ки Эмомалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон Пешво, пешоҳанг, пешбаранда, ғамхор, падар, роҳнамо, ҳамроҳ ҳаст ва доимо буд”.

Декабрь 30, 2015 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад