Ҳукми суди вилояти Хатлон нисбат ба 8 сокини ноҳияи Шаҳритус

Декабрь 4, 2015 12:32

Душанбе, 04.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Суди  вилояти Хатлон  парвандаи ҷиноӣ нисбат ба 8  сокини ноҳияи Шаҳритусро баррасӣ намуд.  Айбдоршавандагон барои овезон кардани парчами гурӯҳи террористии «Давлати Исломӣ» дар ноҳия айбдор  мешаванд. Тавре ки   ба  АМИТ «Ховар»  судяи суди вилояти Хатлон Маҳмудзода  Зубайдулло  Асо  иттилоъ  дод, нафарони гумонбар  барои ҷалби шаҳрвандон ба  амалиёти  ҷангӣ,  сарнагун кардани ҳокимияти давлатӣ айбдор мешаванд. Амали худро ин нафарон шаби 10  ба  11  августи соли равон иҷро кардаанд. Ҳамзамон ин гурӯҳ  ният дошт даст  ба  дигар амалҳои  террористӣ занад, аммо аъзои он дастгир шуданд.  Бо қарори суди вилояти Хатлон нисбат ба аъзои ин гурӯҳ  ҳукм аз  7  то 27  сол  бароварда  шуд.  Айбдоршавандагон  бо иштирокдорони муҳорибаҳо дар Сурия    ба  воситаи Интернет  дар тамос  будаанд.  
Ҳамсуҳбати   хабарнигори АМИТ «Ховар»  ҳамзамон зикр  кард, ки  қарори суд ҳоло  ҳукми қонунӣ нагирифтааст  ва  айбдоршавандагон 8  нафар  будаанд, на  7  нафар,- тавре  ки  дигар расонаҳо итттилоъ  додаанд.

 

Декабрь 4, 2015 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад