Ҳукумати Ҷопон сохтмони бунгоҳи тиббии ноҳияи Ҳамадониро анҷом дод
Душанбе, 17.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Душанбе маросими анҷоми лоиҳаи «Бунёди бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Янгийӯли ҷамоати Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» бо иштироки сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада ва раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Абдуқодир Вализода баргузор гардид.
Ҳукумати Ҷопон барои татбиқи лоиҳаи мазкур дар доираи лоиҳаҳои «ёрии маҷҷонӣ барои табақаҳои васеи аҳолӣ ва амнияти гуманитарӣ (GGP)» бештар аз 88 ҳазор доллари ИМА тахсис дод.
Бунгоҳи ягонаи тиббии деҳаи Янгийӯли ноҳияи Ҳамадонӣ 28 — 29 марти соли 2013 бар асари обхезӣ ба андозаи зиёд зарар дида буд. Сокинони деҳаи мазкур, ки имконияти ба муассисаҳои наздиктарини тиббӣ рафтанро надоштанд, маҷбур буданд, ки ба беморхонаи марказии ноҳия раванд, бинобар ин табибони маҳаллӣ беморонро дар манзилашон табобат мекарданд.
Баъди татбиқи муваффақонаи лоиҳа дар деҳаи Янгийӯл бинои нави бунгоҳи тиббӣ сохта шуд, ки акнун сокинони деҳа метавонанд аз хидматрасонии хушсифати тиббӣ бархӯрдор шаванд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






