В. Путин: «Ба терроризми байналмилалӣ танҳо бо неруи як кишвар ғолиб омадан имконнопазир аст»

Декабрь 3, 2015 11:06

Душанбе, 03.12.2015. (АМИТ «Ховар»).«Ба терроризми байналмилалӣ танҳо бо неруи як кишвар ғолиб омадан имконнопазир аст, бахусус дар шароите, ки амалан сарҳадҳо дар ҷаҳон кушодаанд ва ҷаҳон ҳиҷрати  нави мардумонро аз сар мегузаронад ва вақте ки террористон дастгирии доимии молӣ меёбанд.
Таҳдидҳои терроризм меафзоянд. Ҳоло мушкилоти Афғонистон ҳал нашудааст. Вазъ дар ин кишвар  хатарнок аст ва хушбиниро талқин намекунад. Кишварҳои каме пештар устувору худкифои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ-  Ироқ, Либия, Сурия ба минтақаи бесарусомонӣ ва беҳокимиятӣ табдил ёфтаанд, ки аз онҳо ба тамоми ҷаҳон хатар таҳдид мекунад. Имрӯз террористон маблағ ҷамъ  мекунанд, неру ҷамъ меоранд ва агар қувват гирифта, дар он ҷойҳо  ғолиб оянд,  ногузир дар мо низ пайдо мешаванд. Мо вазифадорем, ки онҳоро дар дуриҳо аз мо  нобуд созем. Ана барои чӣ қарор дар бораи амалиёти ҳарбӣ дар асоси муроҷиати расмии ҳокимияти қонунии Сурия қабул гардид», — изҳор дошт имрӯз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар паёми худ ба Маҷлиси федералӣ.
В. Путин зикр намуд, ки сабақи гузашта баръало дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён омадааст. Қиёси таърихӣ дар асри XX маълум аст. «Бемайлӣ ба муттаҳидсозии талошҳо дар мубориза бо фашизми олмонӣ ҷони даҳҳо миллион одамонро рабуд. Имрӯз мо бори дигар бо неруи харобкунанда рӯ ба рӯ шудаем ва ҳақ надорем, ки имкон диҳем, то  он ба ҳадафи худ расад», -гуфт Путин.

 

 

 

 

Декабрь 3, 2015 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад