ВМКБ: Театри Қурғонтеппа «Девори нанг»-ро намоиш медиҳад
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Бо пешниҳоди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти муҳоҷират ҳайати эҷодии Муассисаи давлатии «Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Қурғонтеппа таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев яке аз аввалинҳо шуда, дар назди сокинони аз заминларза зарардидаи ВМКБ бо намоишномаи «Девори нанг» ҳунарнамоӣ карданд.
Нахустин намоиши ҳунармандонро 500 тарбиятгирандаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон, ки дар он 130 нафар наврас аз водии Бартанг аз мавзеи аз зилзила осебдида оварда шудаанд , тамошо карданд.
Ҳайати эҷодии театр ният доранд, ки ба зарардидагони офат, ки дар деҳаҳои Шуҷанд, Баррӯшон ва дигар деҳаҳои ноҳияи Рӯшон муваққатан ҷой гирифтаанд, намоишномаро пешкаш намоянд. Ҳамчунин тӯли як ҳафтаи сафари ҳунарӣ ҳунармандони «Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов»-и шаҳри Қурғонтеппа ба сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқаъла, Шуғнон ва Ишкошим низ намоишномаи «Девори нанг» -ро пешкаш менамоянд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






