Ярмаркаи маҳсулоти гуногун дар арафаи Соли нави мелодӣ

Декабрь 29, 2015 06:34

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар арафаи Соли Нави мелодӣ бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар шафати бинои вазорат ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум ташкил шуд, ки дар он ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.
Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти хӯрокворӣ аз хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт, ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ пешкаши харидорон гардиданд. Нархи маҳсулоти ниёзи мардум, аз қабили орду равған, биринҷ, нахӯд, гӯшту тухм, шакар, сабзавот дар муқоиса бо нархи бозор нисбатан арзонтар буданд. Барои мисол, 1 кило орд — 2,4 сомонӣ, равған 6 сомонӣ, нархи 1 кило пиёзу сабзӣ ва картошка — 1 сомонӣ, шалғам — 50 дирам, 1 кило гӯшт — 20 сомонӣ,  биринҷ — 5 сомонӣ, як қуттӣ тухм — 15 сомонӣ, 1 килограмм себу нок бо нархи аз 2 то 3 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буданд.

 

Декабрь 29, 2015 06:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст