З. Нурляминова: Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем сатҳи бемории ВНМО-ро паст кунем

Декабрь 1, 2015 10:52

Душанбе, 01.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳамасола 1-уми декабр ҳамчун Рӯзи мубориза бар зидди ВНМО таҷлил мешавад. Вобаста ба ин сана ва масоили марбут ба он хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Зӯҳро Нурляминова, мудири шуъбаи назорати диспансерии Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро пешкаш мекунем:

«Ховар»: Ҳамчун мутахассиси соҳа мегуфтед, ки бемории Вируси норасоии масунияти одам чӣ гуна беморӣ аст ва он бо  кадом роҳҳо метавонад аз шахси бемор ба нафари солим сироят кунад?

З. Нурляминова: Аз соли 1987-ум дар тамоми дунё 1-уми декабр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО таҷлил мешавад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯзро ҳамасола таҷлил менамояд. Бемории Вируси норасоии масунияти одам ин бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Имрӯз мутахассисон 3 роҳи гузариши ин бемориро муайян кардаанд, ки роҳи аввал-ин истифода бурдани сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда ва инчунин бо роҳи иваз кардани узвҳои одам шахс метавонад ба ин беморӣ гирифтор шавад.

Дуюм роҳи гирифтор шудан ба ин беморӣ алоқаи ҷинсӣ мебошад, яъне алоқаҳои ҷинсии беҳимоя метавонад сабаби асосии гирифторӣ ба ин беморӣ гардад. Агар дар соли 2008 гирифторони ин беморӣ  аз тариқи алоқаи ҷинсӣ 10%- ро нишон медод, имрӯз он  44%-ро ташкил медиҳад.

Сеюм роҳи гузариш аз модари сироятшудаи ин вирус ба тифл ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва синамаконӣ метавонад гузарад.

ВНМО бо роҳи даст фишурдан, дар як табақ хӯрок хӯрдан, ба оғӯш гирифтан ва муошират  намегузарад.

«Ховар»:  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ чораҳо андешида истодааст?

З. Нурляминова: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр корҳои тарғиботиву назоратӣ ва табобатиро ба роҳ модааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди ин соҳа Барномаи миллӣ барои солҳои 2011-2015 амал мекард ва имрӯз низ гурӯҳи корӣ барномаи нави ВНМО-ро барои солҳои 2016-2020 омода намуда истодааст. Ғайр аз ин, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ бисёр фармоишҳоро ба имзо расонидаанд, ки фармоиш «оид ба хизматрасонии табобатӣ ба беморон», фармоиш «доир ба пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак» аз ҷумлаи инҳо мебошанд. Ҳамчунин бахшида ба рӯзи мубориза зидди ВНМО Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам дар мактабҳои миёна, макотиби олӣ,  Коллеҷи тиббӣ, Вазорати корҳои дохилӣ чорабиниҳо гузаронида истодаанд ва бобати додани иттилооти зарурӣ муттахассисон сафарбар шудаанд.

«Ховар»:  Мегуфтед, ки шумораи гирифторони бемории ВНМО имрӯз чӣ қадар аст ва дар муқоиса бо солҳои гузашта шумораи беморон афзуда ё ин ки коҳиш ёфтааст?

З. Нурляминова: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 бемории ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳамон сол сар карда, то имрӯз шумораи сироятшудагон 7402 нафарро ташкил медиҳад, аз инҳо 2300 нафарашон занон, ки 32%- ро ташкил медиҳанд ва 5101 нафарашон мардон мебошанд.  Дар  12 моҳи соли 2014 аз бемории вируси норасоии масунияти одам  1008 нафар  ба қайд гирифта шуд ва дар 9- моҳи соли 2015 844 сироятшудагон дар Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шуда, аз ташхис гузаштанд.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо гирифторони бемории ин вирус ба қайд гирифта мешаванд ва аз нишондодҳо маълум гардид, ки шумораи гирифторони ВНМО дар шаҳри Душанбе назар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд ба чашм мерасанд. Аз рӯи нишондоди омор дар шаҳри Душанбе 2248 нафар, вилояти Суғд 1472, вилояти Хатлон 1816, вилояти Бадахшон 465 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1401 нафар сироятшудагон ба қайд гирифта шудаанд, аз инҳо 44,9% ба тариқи алоқаи ҷинсӣ, 45,4 % бо роҳи тазриқӣ ва 5,3% аз модар ба кӯдак сироятшудаанд.

«Ховар»:  Қисми осебпазири гирифторони ин бемориро киҳо ташкил медиҳанд?

З. Нурляминова: Аз рӯи оморе, ки дар даст дорем, шахсони осебпазир ҳамон нафароне ҳастанд, ки моддаҳои нашъаоварро ба таври тазриқӣ истифода мекунанд ва кормандони шаҳвати тиҷоратиянд ва ба инҳо заноне дохил мешаванд, ки ҳамхобаҳои худро тез- тез иваз мекунанд. Ин гурӯҳҳо нафароне мебошанд, ки хатари сирояти ВНМО дар инҳо бениҳоят зиёд аст.

«Ховар»:  Чӣ тавр имрӯз ҷавононро аз ин вабо бояд эмин нигоҳ дошт ва  чӣ тадбирҳо бояд андешид?

З. Нурляминова: Ман ҳамчун мутахассис пешниҳод мекунам, ки пеш аз ҳама, сатҳи иттилоотнокии ҷавонон  бояд дар ин самт хеле баланд бошад, зеро на ҳама доир ба бемории вируси норасоии масунияти одам  маълумоти мукаммал доранд. Нафарони солим фикр мекунанд, ки ин беморӣ ба онҳо зарар надорад, ин андеша куллан хато аст. Бояд ҳар яки мову шумо  андеша кунем, ки дар ҳолати эхтиёт нашудан ин вабо метавонад домангири мо низ шавад. Имрӯз, пеш аз ҳама, лозим меояд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон зиёд ба роҳ монд. Ҳамчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО фаъолият мекунад, ки  ҳар як шахс метавонад ба ин марказҳо муроҷиат намояд ва маълумоти лозимиро доир ба ин беморӣ дастрас кунад.

«Ховар»:  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  гирифторони бемории ВНМО чӣ шароит фароҳам овардааст ва чӣ имтиёз дода мешавад?

З. Нурляминова: Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2005 протоколи клиникӣ оид ба табобати бемории ВНМО бо дастгирии гурӯҳи корӣ таҳия шуд ва аз моҳи феврали соли 2006 дар ҷумҳурӣ табобати ВНМО ба тариқи ройгон ба роҳ монда шуд. Ҳар нафаре, ки гирифтори бемории ВНМО аст, метавонад аз ин хизматрасонӣ истифода барад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хазинаи ҷаҳонӣ дорувориҳои зиддивирусӣ ба таври ройгон ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд ва ба нафароне, ки хоҳиши табобатро доранд, ройгон тақсим мешаванд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 2828- нафар табобати зиддивирусиро давом дода истодаанд.

«Ховар»:  Шумо гуфта метавонед, ки бемории ВНМО табобатшаванда аст?

З. Нурляминова: Дар аввали солҳои 80- ум дар тамоми ҷаҳон мегуфтанд, ки бемории вируси норасоии масунияти одам бемории табобатнашаванда аст  ва аз ин беморӣ ҳатман мефавтанд. Вале имрӯзҳо дар тамоми курраи замин сатҳи фавт аз ин беморӣ хеле паст шудааст. Яъне, ин ҳама дастовардҳо дар натиҷаи табобати пайваста ба даст омадаанд. Бемории ВНМО агар табобатнашаванда ҳам бошад, ин беморӣ бемории идорашаванда аст. Оморҳои тамоми дунё нишон медиҳанд, ки пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз Вазорати тандурустӣ танҳо 15% вобастагӣ дорад. Яъне, дар айни замон бемории ВНМО ин бемории иҷтимоӣ ҳисоб мешавад ва танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем сатҳи ин бемориро паст кунем.

Декабрь 1, 2015 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад