Задухӯрдҳои байни ҷангиёни ДИ ва Толибон дар вилояти Нангарҳори Афғонистон идома доранд

Декабрь 17, 2015 07:04

Душанбе, 17.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  ҳудуди  вилояти  Нангарҳори  Афғонистон   задухӯрди  навбатии байни  силоҳбадастони гурӯҳҳои «Толибон» ва «Давлати  исломӣ» рух  дод, хабар  медиҳад Афғонистон. ру.
Амалиёти  ҳарбӣ  дар  якчанд ноҳияи  вулусволии  Чапархар  аз  соати  6 — и  субҳ то нисфирӯзӣ  давом  карда,  дар  ҷараёни он  ҷонибҳои  муқобил аслиҳаи  сабуку  вазнинро  истифода  намуданд.
Мувофиқи  маълумоти   дафтари  матбуоти  волии вилоят, дар  ҷараёни  задухӯрд  15  нафар  ҷангиён  ба  ҳалокат  расиданд, ки 11  нафарашон ба «Толибон»  ва 4  нафарашон ба «Давлати исломӣ» тааллуқ  доштанд. Ғайр  аз ин  боз  25  нафар  толибон ва  11  нафар ҷонибдорони  ДИ захм  бардоштанд. Дар  ҷараёни  амалиёти  ҳарбӣ  ду  нафар  сокинони осоишта низ  захмӣ  шуданд.

 

Декабрь 17, 2015 07:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст