Зарардидагони заминларзаи Бадахшон бо маводи зарурӣ таъмин мешаванд

Декабрь 12, 2015 07:15

 Хоруғ, 12.12.2015.  (АМИТ   «Ховар»).-Дирӯз гурӯҳи дуюми кории  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти  роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар вилояти  Бадахшон аз  кӯли Сарез  дидан намуд.  Сипас  дар деҳаи Гулдара, ки ба кӯли Сарез наздик аст ва дар ин ҷо  64 хона зарар дидааст, бо иштироки  Сарвазири мамлакат  ситод доир гардид. Бояд гуфт, ки  дар ситод  муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед ва дигар  намояндагони идораву сохторҳо иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси Кумитаи  ҳолатҳои  фавқулодда ва мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар намояндагони  вазорату идораҳо, ҳамчунин мутахассисони  Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили ин  гурӯҳи кориянд.
Дирӯз дар маркази ноҳияи Рӯшон —   шаҳрчаи  Вомар  бо иштироки ҳамаи  масъулини  вилоятиву  ноҳиявӣ бобати ҳарчи зудтар бартараф намудани  оқибатҳои заминларза ва кумак ба мардуми зарардида  ситод  доир гардид.
Ҳамчунин бо чархболе,  ки ба  водӣ  маводи хӯрокӣ  мерасонид, 12 нафар толибилм ва  25 нафар  аз сокинон ба маркази ноҳия оварда шуданд. Сардори  раёсати  маорифи вилоят Шаҳтут Хоников толибилмонро  дар  мактаб — интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ҷой дод. Дигар сокинон дар беморхонаи ноҳиявӣ  ба муоинаи  тиббӣ фаро гирифта шуданд.  Баровардани   сокинон аз  водии  Бартанг давом дорад.

 

Декабрь 12, 2015 07:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад