$50 млн. ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва беш аз $25 млн. ба “Агроинвестбонк”
Душанбе, 06.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Дар асоси тавофуқоте, ки миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Арабистони Саудӣ ва ҳамчунин дигар шахсиятҳои воломақоми ин кишвар ҳосил шуд, як созишномаи қарзи имтиёзнок миёни Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷоратӣ (ITFC) ва ду созишномаи дигар миёни ҶСК “Агроинвестбонк”- и Тоҷикистон ва Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ (ICD) ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷоратӣ ба имзо расид.
Тибқи ин санадҳо, ба Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон 40 миллион доллари амрикоӣ ва ба ҶСК “Агроинвестбонк” беш аз 25 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Хотиррасон бояд намуд, ки Агентии захираҳои моддии давлатии Тоҷикистон ба Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷоратӣ пеш аз ин ба маблағи 10 миллион доллар як созишномаи дигар ҳам ба имзо расонда буд.
Раиси ҶСК “Агроинвестбонк”-и Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ бо Президенти Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқоти судбахш анҷом дода, масоили вобаста ҳамкории молиявию қарзиро бо ин ниҳоди бонуфузи бонкӣ дар ҷаҳони ислом баррасӣ намуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба дастгирии молиявии бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла чорводорӣ, парандапарварӣ, хоҷагиҳои хурди фермерӣ ва сохтмони гармхонаҳои сабзавоткорӣ ва сардхонаҳо барои нигоҳ доштани меваю сабзавоти тару тоза зоҳир гардид.
Аҳмад Муҳаммад Алӣ, ки яке аз дӯстони наздики Тоҷикистон ва хусусан Пешвои миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, таъкид дошт, ки барои густариш додани ҳамкорӣ бо Тоҷикистон омода аст ҳамаи пешниҳодҳои воридшударо мавриди омӯзиши амиқ ва дастгирӣ қарор диҳад.








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






