Ҷамъбасти сол баёнгари муваффақият дар фаъолияти ДМИТ аст

Январь 20, 2016 09:25

Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) ҷаласаи васеи ғайринавбатии Шӯрои олимон бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва кормандон баргузор шуд.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, ҳисоботи ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДМИТ дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 шунида шуд, ки фарогири фаъолияти тамоми ҷабҳаҳои донишкада дар муддати соли ҳисоботӣ буд. Ашурбой Солеҳзода зикр намуд, ки ҷамъбасти соли 2015 баёнгари он аст, ки дар фаъолияти ДМИТ муваффақиятҳои назаррас ба даст омадаанд, ки натиҷаи ташкили дурусти раванди таълим, роҳбарӣ, дастгирӣ ва назорати мунтазами фаъолияти ҳайати профессориву омӯзгорӣ ва тамоми кормандон мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маҳсулнокии меҳнати кормандони донишкада дар ҳамаи самтҳои фаъолияти таълимӣ беҳтар гардидааст. Дар соли сипаригардида донишкада соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ «Тоҷ барои сифат» (22 марти соли 2015, Женева, Швейтсария) ва ҷоизаи BIZZ-2015 (World Confederation of businesses — WORLDCOB, 1 августи соли 2015, Лас-Вегас, ИМА) гардиданаш худ ифодагари фаъолияти пурсамари кормандони он ва эътирофи байналмилалии таълимгоҳ мебошад.
Бо баробари қаноатмандӣ аз пешравиҳои фаъолияти меҳнатӣ, ҳамзамон мавсуф ба нуктаҳое таваҷҷуҳ зоҳир кард, ки онҳо метавонанд дар рушди таълимгоҳ монеа эҷод намоянд. Аз ҷумла, ба таври бояду шояд аз ҷониби устодон истифода нагардидани воситаҳои техникии таълимии муосир дар ҷараёни таълим, камбудиҳо дар таҳияи тестҳои имтиҳонӣ, мутобиқат накардани мавзӯъҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии баъзе кафедраҳо ба самтҳои илмии донишкада, бо сабаби нокифоя будани шумораи мақолаҳои илмӣ ба таъхир афтодани чопи маҷаллаи илмии «Паёми ДМИТ», натиҷаи аттестатсияи муаллимони калон, камбудиҳо дар фаъолияти кории бархе аз кураторон ва дигар камбудиҳои ҷузъии фаъолияти сохторҳои алоҳида чун тақвияти эродҳои зикршуда таъкид гардид.

Январь 20, 2016 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст