Ҷашни шоири риёзидон
Ваҳдат, 06.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Ба муносибати 60-умин солгарди узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, омӯзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, котиби масъули маҷаллаи «Бахтофарони Ваҳдат» Абдусаттори Раҳмон дар Кохи «Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат чорабинии адабии фарҳангӣ доир гардид. Абдусаттори Раҳмон дар ҷодаи эҷоди шеъри кӯдакона пешсаф буда, ҳамчун ҳаҷвнигори бомаҳорат низ азизи хонандагон аст.
Асарҳои Абдусаттор Раҳмон «Бибию бобои ман», «Тағо ҷиян шуд», «Шакаррез» ва «Меҳрпайванд» аз тариқи нашриёти «Адиб» нашр шудаанд. Алҳол дар шаҳри Ваҳдат 10 нафар аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо сарварии шоири шинохта Мирзо Файзалӣ фаъолияти пурсамар доранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






