Б. Ғаффорзода: «Бархе аз пойгоҳҳои обкашии кишвар таҷдид гардиданд»
Душанбе, 26.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти беҳдошти ҳолати иҷтимоию иқтисодӣ ва вазъи кишоварзии кулли навоҳии кишвар, хусусан фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Баҳром Ғаффорзода-муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷараёни нишасти хабарӣ ба намояндагони васоити ахбори омма гуфт, ки дар соли 2015 агентӣ барои пойгоҳҳои обкашии «Дилварзин -2»-и ноҳияи Мастчоҳ, «Ёрӣ»-и шаҳри Панҷакент, «Чумчуқҷар»-и ноҳияи Ашт, «Файзобоқалъа»-и ноҳияи Панҷ, «Оқ-Ҷар-1»-и ноҳияи Ҷиликул ва «Кӯлобдарё-1»-и ноҳияи Восеъ муҳаррики барқӣ ва дастгоҳҳои обкашӣ дастрас ва васл намуда, таҷҳизоти пойгоҳи обкашии мелиоративии ноҳияи А. Ҷомӣ пурра иваз карда шуд.
Баҳром Ғаффорзода афзуд, ки пойгоҳҳои обкашии «Дилварзин»-и ноҳияи Зафоробод, ки беш аз 15 сол ин ҷониб фаъолият намекарданд, ба кор дароварда шуда, таъминоти оби зиёда аз 800 гектар замини кишоварзӣ беҳтар карда шуд. Инчунин таъкид гардид, ки барқарорсозии пойгоҳҳои обкашии «Ленин-2» ноҳияи Шаҳритус ва «Султонобод-1 ва 2»-ноҳияи Рӯдакӣ ба итмом расида, дар заминаи таъмири идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷ. Румӣ коргоҳи рехтаи чӯян бунёд шуд.