Ба ДСХ барои таъсиси ихтисосҳои нави зинаи “бакалавриат “иҷозат дода шуд
Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади хубтар ба роҳ мондани раванди таълим ва таъмини сифати таҳсилот дар нимаи аввали соли 2015 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати кишвар тағйироти назаррас ба амал омаданд. Ин нуктаро имрӯз, 21 январ зимни нишасти матбуотӣ муовини ректор оид ба таълим Самариддин Низомов ироа намуд.
Бино ба иттилои масъулини донишкада, шумораи зиёди китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ аз рўи фанҳои гуногуни таълимӣ бо забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардиданд, ки барои таълим ва баланд бардоштани малакаи касбии донишҷўён нақши назаррас доранд.
“Ба донишкада иловатан барои таъсиси ихтисосҳои нави зинаи бакалавриат “Менеҷмент”, “Менеҷменти молиявӣ” ва “Идоракунии зиддибўҳронии корхонаҳо” ва “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)” ва 3 ихтисоси зинаи докторантура аз рўи ихтисос (PhD) иҷозат дода шуд”,-илова намуд Самариддин Низомов.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади мустаҳкамсозии пойгоҳи моддию техникии раванди таълим 100 компютер, 6 тахтаи электронӣ, 35 тахтаи синфӣ, 6 проектор ва 10 принтер харид шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






