Ба масоҳати умумии зиёда аз 1 млн. метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд
Душанбе, 21.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- «Соли 2015 ба масоҳати умумии 1 миллиону 202 ҳазору 862 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба соли 2014 108,2 фоизро ташкил медиҳанд. Моҳҳои январ-декабри соли 2015 фондҳои асосӣ ба маблағи 3 миллиарду 795 миллиону 69 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуда, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ 7 миллиарду 935 миллиону 156 ҳазор сомониро ташкил дод”,- иброз дошт муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ Саидзода Нуралӣ Ғиёс имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин ба гуфтаи номбурда дар ин давра мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 10 ҳазору 941 ҷойи талаба, муассисаҳои томактабӣ барои 385 ҷой, беморхона барои 115 кат ва дармонгоҳ барои 661 қабул дар як баст ба истифода дода шуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






