Бардошт аз Паём: Курсҳои омўзиши забони русӣ таъсис дода мешаванд
Душанбе, 22.01.2016. (АМИТ «Ховар») — Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ изҳор дошт, ки:
«Масъулини муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, барои таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономўзии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд».
Вобаста ба ин мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Сироҷиддин Гурезов андешаҳояшро дар мавриди ҷонибдорӣ аз Паёми Пешвои миллат баён намуда, аз ҷумла гуфт, ки:-Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ дар асоси дастури Пешвои миллат ва татбиқи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» тасмим гирифтааст, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ курсҳои ройгони омўзиши забони русиро барои забономўзии муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монад.
Ҳоло дар муассисаҳои таълимии ноҳия 194 омўзгори фанни забони русӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 176 нафар мутахассисони ихтисосманди фанни забони русӣ буда, дорои маълумоти олӣ ва 18 нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсуси омўзгорӣ мебошанд.
Норасоии кадрии омўзгорӣ аз фанни забони русӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия дида намешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






