Баъзе ваколатҳои раиси КДАМ ба фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ дода мешавад
Душанбе, 22.01.2016.(АМИТ „Ховар“).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон“ имрӯз баррасӣ ва қабул намуданд. Раҷабалӣ Раҳмоналӣ- муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи ворид намудани тағйиротро ба қонун тавзеҳ дод. Мавсуф афзуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур вазифаи сардори Сарраёсат ва муовинони сардори Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ихтисор намуда, танҳо муовини якуми раиси кумита, фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ ва муовинони фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадиро пешниҳод менамояд.
Инчунин муовинони фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ва озод карда мешуданд, минбаъд дар асоси лоиҳаи пешниҳодгардида, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии кумита ва муовинони фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии кумита бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин ва озод карда мешаванд. Ҳамзамон ваколатҳои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ доир ба хоҷагии истеҳсолӣ ва додани рутбаи ҳарбии прапоршик ба ваколати Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадӣ дода мешавад. Дар маҷмӯъ лоиҳаи мазкур сохтори қӯшунҳои сарҳадиро дар таҳрири нав муқаррар менамояд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






