Бунёди маркази нави саломатӣ дар Зарзамин
Б. Ғафуров, 26. 01. 2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази нави саломатӣ бунёд мешавад.
Чуноне аз мақомоти иҷроияи маҳаллӣ хабар доданд, барои сохтмони маркази саломатӣ аз маблағҳои буҷетӣ 200 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.
Зимнан, соли 2016 дар вилояти Суғд аз ҷониби раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ «Соли фарди солим» эълон шудааст ва интизор меравад, ки ин тадбир барои рушди соҳаи тандурустӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.