Далелҳои қаллобӣ дарёфт гардиданд
Душанбе, 22.01.2016. (АМИТ “Ховар”).-Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур зани 35-солаи сокини ноҳияи Айнӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2015, марди 32-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ 54000 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино сокини 44-солаи ноҳияи Бохтар, муроҷиат намудааст, ки моҳи сентябри соли 2015, сокини 41-солаи ноҳияи Зафаробод бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ 50000 сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 59-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо ариза муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2012, зани 58-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовараш даромада, аз ӯ ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи 25000 доллари амрикоӣ гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






